Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Душанбе: Ифтитоҳи “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”
Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”-ро мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти нави дуошёна дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар масоҳати 0,17 гектар замин қомат афрохта, барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шуда, аз ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимии рақс, фортепиано, созҳои халқӣ, сурудҳои академиву фалак ва ғайра иборат аст.
Ҳоло дар Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” 130 хонанда ҳунари рақс, навозиши асбобҳои халқиву ҷаҳонӣ ва сарояндагиро меомӯзанд. Ба онҳо 25 омӯзгор, аз ҷумла санъаткорони варзидаву собиқадор таълим медиҳанд.
Дар баробари навсозӣ, инчунин муассиса бо номгӯи зиёди созҳои мусиқӣ, аз ҷумла фортепиано ва рояли хурди электронӣ, кларнет, флейта, гитара, ғижжак ва асбобҳои зарбӣ таъмин шуд.
Хонандагони мактаби мусиқӣ дар озмунҳои ҷумҳуривӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва озмунҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар, аз қабили давлатҳои Олмон, Швейтсария, Туркия ва Федератсияи Русия иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Мактаби бачагона соли 1962 дар заминаи хонаи истиқоматӣ ташкил шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Ҳоло бошад, хонандагон имкон доранд дар бинои нав, ки дорои шароити муосир аст, ба таҳсил ва ҳунаромӯзӣ машғул шаванд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”