Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
95,2 миллион доллар. Ҷумҳурии Тоҷикисто ва Бонки Осиёии рушд якчанд созишномаи грантӣ имзо карданд
Имрӯз, 2-юми декабр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии рушд ба имзо расонида шуд.
Хабаргузории “Ховар” бо такя ба маълумоти Вазорати молия иттилоъ медиҳад, ки созишномаҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои зербарномаи дуюми «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши имконияти шуғли сабз» дар ҳаҷми 50 миллион доллар, «Барномаи рушди соҳаи молиявӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо назардошти равиши бисёрсатҳии идоракунии хавфҳо» дар ҳаҷми 28,2 миллион доллар, инчунин, «Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ» дар ҳаҷми 17 миллион доллар ба имзо расонида шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки Созишномаҳоро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ба имзо расонида, маблағи умумии онҳо 95,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода мешавад, ки мақсади асосии лоиҳаҳо дастгирии рушди соҳибкории хусусӣ, бахусус корхонаҳои хурду миёна тавассути беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории мутобиқ ба иқлим, пешбурди рақамикунонӣ ва таҳкими идоракунии молиявӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”