Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сомон, Беҳрӯз ва чор ҷудочии дигар Тоҷикистонро дар “Tokyo Grand Slam-2025” муаррифӣ мекунанд
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, рӯзҳои 6-ум ва 7-уми декабри соли равон дар шаҳри Токиои Ҷопон мусобиқаи “Tokyo Grand Slam-2025” доир мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 6 ҷудочӣ, аз ҷумла, Обид Ҷебов ва Мусанниф Миробов (то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода (то 81 кг), Мизробшо Лоиқов (то 90 кг) ва Муҳсин Малаев (то 100 кг) муаррифӣ мекунанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизаи молӣ тақдим шуда, инчунин, ғолибони ҷойи якум 1000 имтиёз, ҷойи дуюм 700 имтиёз ва ҷойи сеюм 500 имтиёз ба даст меоранд.
Зикр мегардад, ки дар мусобиқаи “Tokyo Grand Slam-2025” то ҳол 327 ҷудочӣ аз 44 давлати ҷаҳон номнавис шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”