Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Занони соҳибкор маҳсулоти худро дар Душанбе муаррифӣ карданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон намоиши лоиҳаҳои барномаи инкубасионии «WomenCup» баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд доир шуда, дар он занони соҳибкор маҳсулоти худро муаррифӣ карданд.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон солҳои охир барои занон имкониятҳои зиёди омӯзиш, гирифтани грантҳои давлатӣ ва дастгирии шарикони рушд фароҳам гардида, ҳазорон зан тавонистаанд тиҷорати хурду миёнаро таъсис диҳанд.
Афзуда шуд, ки Барномаи "WomenCup-2025" барои рушди иқтидор, ташаккули идеяҳои нав ва ба роҳ мондани шабакаҳои ҳамкорӣ миёни занони соҳибкор нақши муҳим мебозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”