Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тариқи шинохти чеҳра. Дар кишвар нафақагиронро аз нав ба қайд мегиранд
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар кишвар азнавбақайдгирии нафақагирон тариқи шинохти чеҳра амалӣ карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади иҷрои супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025, №11 ҷиҳати гузаронидани азнавбақайдгирии нафақагирон тариқи шинохти чеҳра масъулини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»-и Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштарак баргузор намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ барои муайян намудани чеҳраи шахсияти нафақагирон (Face ID) таъсис ёфтааст.
Дар ин росто, ба сардорони раёсатҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш шудааст, ки то охири соли равон бақайдгирии рақамӣ, яъне айниятнкунонии чеҳраи нафақагиронро ба анҷом расонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”