Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
140 ҳазор сомонӣ. Киҳо барои Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” рақобат мекунанд?
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи 4 номинатсия барои ба даст овардани Шоҳҷоиза рақобат мекунанд.
Манбаъ меафзояд, ки довталабе, ки дар даври чоруми озмун дар гурӯҳи номинатсияи худ сазовори ҷойи якум шудаанд, имкон доранд барои дарёфти Шоҳҷоизаи озмун рақобат кунанд.
“Барандаи Шоҳҷоиза довталабе мегардад, ки ба саволҳои иловагии ҳакамон ҷавоб дода тавонад, дафтари ӯ ҷавобгӯйи талаботи Низомномаи озмун буда, рӯйхати асарҳои мутолианамуда ва азёдкардааш мутобиқ ба синну сол ва гурӯҳи худаш бошад. Ҳангоми баҳо додан донистани забонҳои хориҷӣ ва аъзои фаъоли китобхонаҳо будани довталаб ба эътибор гирифта мешавад”, - зикр мегардад дар хабарнома.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”