27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
29.11.2025 09:30

Дар Молдава бекор шудани низоми бидуни раводид бо кишварҳои ИДМ -ро “фармоиши Ғарб” номиданд

Василий Тарлев, собиқ Сарвазир бекор шудани низоми бидуни раводиди Молдава бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро “фармоиши мувофиқашудаи кураторон аз Аврупо” номид.

Бар асоси гуфтаи Василий Тарлев, роҳбарияти ҳозираи кишвар, ки аз ҷониби ҳизби ҳокими “Амалиёт ва ҳамраъйӣ” идора мешавад, ин тасмимро на бо назардошти манфиатҳои шаҳрвандони худ, балки зери фишори шарикони аврупоии худ қабул намудааст.

Рӯзи панҷшанбе парлумони Молдава дар хониши аввал лоиҳаи қонун дар бораи бекор кардани қарордоди сафарҳои бераводид бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тасдиқ кард.

“Қарори ҳукумат роҷеъ ба қатъи режими бидуни раводид бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ин фармоиши кураторони ғарбӣ мебошад. Ин “шарикони онҳо дар дестабилизатсия”-и маҳз онҳоро водор мекунанд, ки чунин қарорҳои барангезандаро қабул намоянд” - гуфт Тарлев.

Ба гуфтаи собиқ Сарвазир Ҳукумат мекӯшад, ба шаҳрвандони худ ҳарчӣ бештар мушкилӣ эҷод намояд.

“Аз тарзи рафтори ин ҳукумат маълум нест, ки онҳо фаҳмидаанд, рӯзҳои ҳукуматдории онҳо кам мондааст. Аз ин рӯ, мехоҳанд торафт худашон ба халқи худ ҳарчӣ бештар зиёну мушкилот эҷод кунанд”- таъкид намуд Тарлев.

Дар айни замон Молдава бо аксари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишҳои дуҷонибаи бидуни раводид дорад. Истисно фақат Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.

Аз соли 2022 Молдава ширкат дар ҷаласаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро нодид мегирад, ҳарчанд ки узви он боқӣ мондааст ва, ҳамчунин, намояндаи нозир дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад. Мақомоти кишвар борҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд содироти кишварро ба бозорҳои Аврупо равона кунанд. Ҳамчунин, онҳо таъкид намудаанд, ки ният доранд шуморе аз созишномаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барҳам диҳанд.

Президенти кишвар Майя Санду қаблан гуфта буд, ки ҳукумати феълӣ мехоҳад заминаи ҳуқуқии байналмилалии Молдоваро бо меъёрҳои аврупоӣ мутобиқ созад. Аммо мухолифон ин сиёсатро танқид карда, аз оқибатҳои эҳтимолӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва робитаҳои иқтисодӣ ҳушдор медиҳанд.

Муносибатҳои Русия ва Молдова пас аз ба сари қудрат омадани Майя Санду дар охири соли 2020 бад шуданд. Кремл чанд маротиба гуфт, ки Молдова зери роҳбарии ҳозира ба “кишвари носаҳеҳ барои Русия” табдил меёбад. Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват мекунад, ки Кишинёв аз барномаҳои зиддирусӣ худдорӣ кунад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Москва мехоҳад бо Молдова муносибатҳои дӯстона дошта бошад ва аз истифода шудани ин кишвар, дар манфиатҳои зидди Русия аз ҷониби Ғарб хушнуд нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.