27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:13, Душанбе
29.11.2025 09:16

Владимир Путин тамбаи мошинҳои боркаш дар марзи Русия ва Қазоқистонро шаҳр дод

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҷараёни сафараш ба Қирғизистон вазъиятро дар робита ба қатори дарози мошинҳои боркашу фураҳо дар марзи Русия ва Қазоқистон шарҳ дод.

Владимир Путин гуфт, ки мушкил баъди он ба вуҷуд омад, ки бо супориши ӯ мақомоти гумруки Русия дар доираи қарорҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё санҷишҳои интихобии нақлиёти боркашро дар роҳҳо оғоз намуданд. 

“Маълум шуд, ки қисми зиёди молҳову шумори зиёди ҳамин мошинҳои боркаш, фураҳо, чунон ки шумо гуфтед, тамоман бидуни ҳич гуна санад марзи Русия ва Қазоқистонро убур мекунанд” – гуфт Владимир Путин.

Ӯ таъкид кард, ки ҳар як мошини боркаш уҳдадор аст маҷмуи санадҳои аз ҷониби кишварҳо мувофиқашударо дошта бошад.

“Ин бояд санад бошад. Коғазе, ки нишон диҳад, дар дохили ин фура чӣ мавҷуд аст ва ақаллан бояд маълум бошад, ки ин мол ба номи кадом қабулкунанда равон шудааст. Аз санади аввал рӯшан мешавад, ки арзиши гумрукии молу маблағи боҷу гумрук барои убур аз марзи мо чӣ қадар аст ва кӣ бояд дар вақти гирифтани ин мол маблағи ААИ-ро пардохт намояд. Ҳамин ки санҷишҳо оғоз шуданд, маълум гардид, ки умуман ҳич санаде нест. Ин комилан воридоти сиёҳ аст ва узр аз лаҳни ноҷо, мустақиман ба қаламрави гумруки мо ворид мешавад. Федератсияи Русия бидуни муболиға миллиард ва даҳҳо миллиард рубл аз буҷеташро аз даст медиҳад” - гуфт Президенти Русия.

Владимир Путин ҳамчунин, гуфт, ки вазъиятро бо президенти Қзоқистон Қосим-Жомарт Токаев баррасӣ кардааст. Бар асоси гуфтаи ӯ, ду кишвар мувофиқа намуданд, ки ҳаракати нақлиёт тез шавад. Хадамоти гумруки ҳар ду ҷониб тартиби нишон додани арзиши молу маълумот дар хусуси қабулкунандагонро мувофиқ намудааст.

Владимир Путин таъкид кард, ки интизор меравад мушкилоти навбатии мошинҳои боркаш дар марзи Русия ва Қазоқистон то охири соли 2025 пурра ҳал шавад.

Аз моҳи сентябр дар марзи Қазоқистону Русия навбатҳои тӯлонии фураҳо ба вуҷуд омадаанд. Барои мубориза бо “импортҳои соябӣ” ҷониби Русия санҷиши мошинҳои боркашро шадидтар кард ва декларатсияҳоро дақиқтар меомӯзад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.