Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Баъди тирпаронӣ дар назди Кохи cафед санҷиши грин-кортҳо аз 19 кишвар оғоз мешавад
Сардори Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Эдлоу гуфт, президент Доналд Трамп ба идораи ӯ супориш додааст, ки “санҷиши пурра ва ҳамаҷонибаи ҳар як грин-корти ҳар як шаҳрванд аз ҳар кишваре, ки боиси нигаронӣ мебошад, дубора анҷом дода шавад” – менависанд расонаҳои амрикоӣ.
Дар посух ба ин суол дар хусуси он ки кадом кишварҳо дар мадди назар мебошанд, Эдлоу ба фармони Доналд Трамп аз моҳи июни соли 2025 истинод кард. Дар он фармон вуруд ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои шаҳрвандони 12 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Бирма, Чад, Конго, Гвенияи экваторӣ, Эритрея, Гаити, Эрон, Либия, Сомали, Судон ва Яман пурра манъ шуда буд.
Вуруд ба шаҳрвандони 7 кишвари дигар, аз ҷумла Того, Туркманистон, Бурунди, Куба, Лаос, Сиёрра-Леоне ва Венесуэло маҳдуд гардида буд.
Эдлоу ҷузъиёти дигар ироа накард.
Ин изҳорот баъди ду рӯзи рух додани ҳодисаи тирпарронӣ дар наздикии Кохи сафед садо дод. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду низомии Гвардияи миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико захмӣ шуданд. Муттаҳам дар тирпарронӣ ҷавонӣ 20-солаи афғонистонӣ Раҳматулло Линквол боздошт шуд. Яке аз захмиён, низомии 20-сола Сара Бекстрём дар беморхона ҷон бохт.
Доналд Трамп дар шабакаи “Truth Social” навишт, ки “муҳоҷират аз ҳама кишварҳои ҷаҳони севумро барои ҳамеша қатъ мекунад” ва ваъда дод, ки “ҳар касеро”, ки барои кишвар фоида намеорад, ихроҷ мекунад.
Директори СРУ Ҷон Реэклифф хабар дод, ки Раҳматулло Линквол дар кишвараш бо ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла бо Агентии марказии истихборот ҳамкорӣ мекард. Раҳматулло Линквол дар доираи барномаи махсус ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷират намудааст, ки ҳадаф дошт ҳазорон афғонро, ки дар ҷанги Афғонистон ба Иёлоти Муттаҳида ёрӣ расонда буданд ва аз таъқиби Толибон метарсиданд, ба Амрико кӯчонад. Дар маҷмуъ, беш аз 70 ҳазор нафар дар доираи ин барнома ба Иёлоти Муттаҳида омодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”