27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
27.11.2025 18:27

Мадуро: “Замони дифоъ аст, шикаст ҷоиз нест. Бо масъулият ва ишқ бархезед”

Мадуро аз мардум ва неруҳои амниятии Венесуэло хост, ки аз “ҳар ваҷаб” хоки кишвар дар муқобили ҳар гуна таҳдид ё таҷовузи империалистӣ дифоъ кунанд.

Николас Мадуро, Президенти Венесуэло дар ҷараёни суханронӣ дар раҳпаймоии бузурге, ки ба муносибати 200 -солагии тақдими шамшери ҳадянамудаи мардуми Перу ба Симон Боливар доир шуд, бо либоси низомӣ ва дар ҳузури аъзои ҳукумат ва фармондеҳони неруҳои мусаллаҳи миллӣ гуфт, ки “Ватан аз мо талош ва фидокории бештар талаб мекунад”.

Николас Мадуро бо тааҳҳуд барои “дифоъ аз ҳокимияти миллӣ дар муқобили таҳдидҳои империалистии ростгароёни ифротӣ” дар як суханронии тезу тунд аз донишҷӯён, коргарон ва деҳқонон даъват намуд, ки то бо “масъулият ва ишқ” бархезанд. Ӯ афзуд, ки “шикаст дар ин бурҳаи ҳассос ҷоиз нест”.

“Мо аз муттаҳидонамон, кишвари бародар Куба, Эрони мубориз, Русияи тавоно, Чини сулҳҷӯ сипосгузорем. Онҳо дар баробари таҳримҳо истодагарӣ карданд ва моро танҳо нагузоштанд. Аммо пирӯзии ниҳоӣ ба дасти мардуми Венесуэло аст. Мо интихоботро бурдем, инқилобро ҳифз кардем ва ҳоло вақти он расидааст, ки бо тамоми қувва дифоъ кунем”- таъкид намуд Николас Мадуро.

Шамшери Боливар дар соли 1825 аз сӯи мардуми Перу ба Симон Боливар, роҳбари истиқлоли Амрикои Лотин тақдим шуда буд ва аз он замон то ба имрӯз ҳамчун рамзи озодӣ ва истиқлол дар Венесуэло ва дигар кишварҳои Амрикои Лотин маъруф мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.