Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ошкори 40 ҳолати худсарона баланд кардани нарх дар бозорҳои пойтахт
Аз ҷониби шаҳри Раёсати ВКД дар Душанбе ва Прокуратура бо мақсади ба танзим овардани нархи маҳсулоти хурокворӣ, махсусан маҳсулоти гуштӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар бозорҳои "Меҳргон", "Фаровон", "Саховат", "Ховарон" ва дӯкону марказҳои савдои хурду бузурги пойтахт, корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён доранд.
Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад, ки рӯзи аввали чорабинии мазкур беш аз 40 далели аз меъёри муқарраргардида гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гуштӣ ошкор карда шуд.
“Дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамзамон нисбати нафароне, ки дидаву дониста маҳсулотро аз меъёри муайяншуда гарон мефурӯшанд, барои фиреби истеъмолкунандагон бо моддаи 627 ва барои худсарона баланд бардоштани нархи махсулот бо моддаи 555 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуданд”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Ҳамчунин, мақомот ба тоҷирон ҳушдор медиҳад, ки нархи маҳсулотро худсарона баланд набардоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”