Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тирандозӣ дар атрофи Кохи Сафед. 2 узви Гвардияи миллии Амрико кушта шуданд
Сарчашмаҳои хабарии амрикоӣ аз тирпаронӣ дар наздикии Кохи Сафед ва ҳалок гардидани ду нафар аъзои Гвардияи миллии Амрико хабар доданд.
“Ассошиэйтед Пресс” бо такя ба як манбаи огоҳ хабар дод, ки ду узви Гвардияи миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин тирпарронӣ кушта шудаанд ва то ҳол дар хусуси ангеза ва ҷузъиёти бештар иттилоъ дода нашудааст.
Чор афсари амниятии амрикоӣ низ рӯзи 25-уми ноябр дар натиҷаи як даргирии мусаллаҳона дар иёлати Канзас захмӣ шуда буданд.
Вазири амнияти дохилии Амрико гуфт, ки мақомоти федеролӣ, ҳамроҳ бо ниҳодҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ барои ҷамъоварии маълумоти бештар дар бораи тирпарронӣ дар наздикии Кохи Сафед ҳамкорӣ доранд.
Шабакаи “CNN” ҳам бо такя ба як манбаъ хабар дод, ки дар ин ҳодиса чандин нафар, аз ҷумла ҳадди ақал як узви Гвардияи миллӣ захмӣ шудаанд.
Сухангӯи Гвардияи миллӣ захмӣ шудани ду нафар аз ҳайати зери назарашро таъкид кард. Тибқи гуфтаи ӯ, ин ҳодиса бегоҳӣ, ба вақти Вашингтон рӯй дод ва ҳамоҳангӣ бо полиси пойтахт идома дорад.
Патрик Морристӣ, гебурнатори иёлати Вирҷинияи Амрико дар паёме дар шабакаи “Х” навишт, ки “ду узви Гвардияи миллӣ, ки имрӯз дар Вашингтон сахт захмӣ шуда буданд, ҷон бохтанд”.
Ӯ навишт: “Бо андуҳ эълон мекунем, ки ҳар ду узви Гвардияи миллии Вирҷинияи Амрико, ки имрӯз дар Вашингтон ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифта буданд, аз ҷароҳатҳои худ фавтиданд. Ин афроди далер ҷони худро дар роҳи хидмат ба кишвар аз даст доданд”.
Каролин Левит, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки Доналд Трамп, Президенти Амрико дар ҷараёни ин ҳодиса қарор гирифтааст.
Полиси Вашингтон гуфт, ки дар робита ба тирпарронӣ ба ду узви Гвардияи миллӣ дар наздикии Кохи Сафед як шахси гумонбар боздошт шудааст.
Идораи федералии ҳавонавардии Амрико хабар дод, ки бинобар масъалаҳои амниятӣ парвозҳои воридшаванда ба фурудгоҳи Роналд Рейган мутаваққиф шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”