27 Сентябр 2026,
якшанбе, 22:02, Душанбе
27.11.2025 06:32

Маблағ ва имтиёз мегиранд. Киҳо Тоҷикистонро дар “Abu Dhabi Grand Slam-2025” намояндагӣ мекунанд?

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 9 варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии “Abu Dhabi Grand Slam-2025”, ки аз 28-ум то 30-юми ноябр дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир мешавад, иштирок мекунанд.

Манбаъ меафзояд, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарони тоҷик аз рӯи панҷ вазн, аз ҷумла Меҳрзод Сӯфиев (то 60 кило), Абӯбакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев (то 73 кило), Суннатулло Мӯсоев, Беҳрӯзи Хоҷазода (то 81 кило), Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (то 90 кило), Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов (то 100 кило) баромад мекунанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар “Abu Dhabi Grand Slam-2025” аз 53 давлат 390 варзишгар (233 мард ва 157 зан) дар ҳафт вазн рақобат мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ғолибони ҷойи якум 5 ҳазор евро ва 1000 имтиёз, ғолибони ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва 700 имтиёз, ғолибони ҷойи сеюм 1500 евро ва 500 имтиёз ба даст меоранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.