Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Русия дар аввали имсол 60 ҳазор патенти меҳнатии муҳоҷиронро бекор кардааст
Вазорати корҳои дохилии Русия аз аввали соли ҷорӣ тақрибан 60 ҳазор патенти меҳнатии шаҳрвандони хориҷиро бекор кардааст. Дар ин хусус, муовини котиби Шурои амнияти Русия Александр Гребенкин дар суҳбат бо рӯзномаи “Российская газета” иттилоъ додааст.
Тибқи гуфтаи ӯ, аз оғози соли 2024 тартиби нав ҷорӣ шудааст. Муҳоҷир бояд дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент дар бораи ҷойгиршавӣ ба кори муайяншуда ба мақомоти ҳудудии ВКД хабар диҳад. Агар ин кор анҷом дода нашавад, патент ба таври худкор беэътибор дониста мешавад.
Қариб ҳама ҳолатҳои бекор шудани патентҳо маҳз ба ҳамин сабаб, пешниҳод накардани нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё гражданӣ-ҳуқуқӣ вобаста мебошад.
Рӯзи 24-уми ноябр низ раиси идораи назоратии Хадамоти муҳоҷирати ВКД -и Русия Алексей Гасак хабар дода буд, ки аз аввали соли 2025 ба қаламрави Русия беш аз 160 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ роҳ дода нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, шумори қонуншиканиҳои вобаста ба вуруд ва будубош дар Русия 30% афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”