27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
26.11.2025 15:16

Ушаков: “Путин ва Жапаров мулоқоти рӯ ба рӯ хоҳанд дошт”

Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои 25-27-уми ноябр бо сафари давлатӣ аз  Қирғизистон боздид менамоянд. Ин хабарро ёвари президенти Русия Юрий Ушаков тасдиқ намудааст.

Юрий Ушаков гуфт, ки сафари давлатӣ рӯзи сешанбе оғоз мешавад ва он бо даъвати президенти Қирғизистон Садир Жаппаров сурат мегирад. Ӯ, ҳамчунин, ёдовар шуд, ки сессияи Шурои амнияти дастаҷамъонаи СААД рӯзи 27-уми ноябр дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад.

Ба гуфтаи Юрий Ушаков, барномаи сафари президент бегоҳи 25-уми ноябр оғоз мешавад. Пас аз фуруд омадан ба Бишкек, Президенти Қирғизистон Садир Жаппаров Путинро дар назди  зинаи ҳавопаймо пешвоз мегирад.

Ду сарвар якҷо ба майдони Ғалаба рафта, ба “оташи ҷавидон” гулчанбар мегузоранд. Баъдан дар қароргоҳи Ала Арча мулоқоти ғайрирасмии ду президент дар формати “тет-а-тет” (рӯ ба рӯ) баргузор мегардад.

Рӯзи 26-уми ноябр дар қасри Интимак Ордо маросими расмии истиқболи президенти Русия баргузор мегардад. Дар ҳамон ҷо музокироти расмии Русия ва Қирғизистон доир мегардад.

Дар музокирот масъалаҳои калидии ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, энергетика, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва ҳамкориҳои гуманитарӣ муҳокима мешаванд.

Юрий Ушаков гуфт, ки дар мулоқоти васеъ бо ширкати ҳайатҳо масъалаҳои энергетика, иқтисод, тандурустӣ, маориф ва муҳоҷират ҷузъиёти бештар хоҳанд гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.