27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
26.11.2025 11:11

Қазоқистон: Ҳамлаи дронӣ содироти нафти моро қатъ накардааст

Муовини вазири энергетикаи Қазоқистон гуфт, ки ҳамлаи ахири ҳавопаймои бидуни сарнишин ба иншооти консорсиуми Лӯлаи Каспий дар наздики бандари Новоросийскии Русия ҳич ихтилол дар ҷарёни интиқоли нафти ин кишвар ба вуҷуд наовардааст.

Ерлан Акбаров рӯзи сешанбе дар канори иҷлоси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки “бар асоси гузоришҳои имрӯз ҳич ҳодисае дар ҷараёни интиқоли нафт ва мушкилоте дар кори системаҳо сабт нашудааст. Ҳама таҷҳизот устувор фаъолият доранд”.

Субҳи 25-уми ноябр бинои идории поёни баҳрии КТК дар наздикии Новоросийск мавриди ҳамлаи дронӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ ин ҳамла ба баъзе иншоот ва хонаҳои атроф осеб расондааст.

Вениамин Кондратиев, волии вилояти Краснодар ин ҳодисаро “аз густурдатарин ва тӯлонитарин ҳамлаҳои ахир” тавсиф кард ва аз захмӣ шудани чанд нафар ва расидани хисороти молӣ хабар дод.

Хатти лӯлаи Каспий раги асосии содироти нафти Қазоқистон ба ҳисоб меравад ва беш аз 80 фоизи содироти нафти кишвар ба воситаи ҳамин масир анҷом мешавад. Бузургтарин конҳои нафтии Қазоқистон, аз ҷумла Тенгиз, Қашаған ва Кормортӣ мустақиман ба ин шабака пайваст мебошанд. Аз ин рӯ, ҳатто хурдтарин ихтилол дар кори он метавонад ба коҳиши даромад ва фишори иқтисодӣ ба давлат боис шавад.

Ҳарчанд бахши поёнии ин хатти лӯла дар қаламрави Русия ҷойгир мебошад, тарҳи СЗС як консорсиуми байналмилалӣ аст, ки саҳмияи он миёни Қазоқистон, Русия ва чанд ширкатҳои бузурги энергетикӣ тақсим шудааст. Ин сохтор боиси он мегардад, ки Қазоқистон дар идора ва даромадҳои содирот нақши мустақим дошта бошад ва фақат як кишвари транзитӣ набошад.

Қазоқистон аз ҷиҳати роҳҳои содироти нафт имконоти маҳдуд дорад ва бандари Новоросийск дар Баҳри сиёҳ ҳамчун муҳимтарин нуқтаи содироти он ба бозорҳои Аврупо, Амрико ва Осиё шинохта мешавад. Ба ҳамин сабаб, ҳар гуна ҳодиса дар ин минтақа, ҳатто агар дар қаламрави Русия рух диҳад, фавран ба содироти Қазоқистон таъсир мегузорад.

Пойгоҳи КТК дар Новоросийск ягона макони асосии боргирии нафти Қазоқистон ба киштиҳои нафткаш аст. Қатъи фаъолият дар ин поёнгоҳ, хоҳ ба далели ҳамла, хоҳ ба айби фаннӣ ё қароргоҳи сиёсӣ, метавонад истеҳсол дар конҳои бузургро кам кунад ва ба хисороти чандин миллиардолларӣ расонад. Ҳамлаҳои қаблӣ низ нишон додаанд, ки ин масир дар солҳои охир бо таҳдидҳои амниятии бештар рӯ ба рӯ мешавад ва Қазоқистон маҷбур аст ҳар тағйиротро дар ин минтқа бо диққат назорат кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.