Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Тошканд вазъи атмосфера бадтар мешавад
Бар асоси иттилои расонаҳои ӯзбекистонӣ тайи ду ҳафтаи охир сифати ҳаво дар шаҳри Тошканд шадидан бад шудааст.
Осмони шаҳр дар ин рӯзҳо пур аз гарду ғубор аст ва ба туман монанд мебошад. Бахусус, имрӯз сатҳи ифлосшавии ҳаво 29,4 маротиба аз меъёри муқарраркардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зиёд будааст. Корбарони шабакаи иҷтимоӣ низ менависанд, ки ҳавои шаҳр боиси дарди сар ва камқувватӣ мегардад.
Дар иртибот ба ин Вазорати тандурустии Ӯзбекистон рӯзи 25-уми ноябр ба сокинони шаҳр паёми огоҳкунанда ирсол намуд. Дар паём тавсия дода шудааст, ки дар ҷойҳои серодам ниқоби тиббӣ пӯшанд.
Бо назардошти бад шудани вазъияти экологӣ мақомоти Ӯзбекистон тадбирҳои фаврӣ меандешанд. Имрӯз бо фармони Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев комиссияи махсус таъсис дода шуд, ки амалисозии лоиаҳои беҳбудбахшии сифати ҳаворо дар Тошканд ба уҳда мегирад.
Комиссия ҳуқуқ дорад фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳои гармидиҳӣ ва ҳаракати нақлиётро дар давраи ҳавои ғуборолӯд муваққатан қатъ кунад. Ҳамчунин, комиссия тартиби манъи муваққатии воридоти мошинҳои боркаш ба Тошканд ва ҳаракати нақлиёт дар рӯзҳои ҷуфт ва тоқро муайян хоҳад кард.
Бар асоси фармон, комиссия метавонад фаъолияти гармхонаҳо ва дигар иншооти ифлоскунандаи ҳаворо қисман ё пурра боз дорад. Илова ба ин, рӯйхати корхона ва минтақаҳои саноатие муайян мешавад, ки бояд ба берун аз ҳудуди Тошканд кӯч дода шаванд.
Истифодаи таҷҳизоти фурӯнишонандаи ғубор ҳатмӣ мегардад ва дар меъёрҳои сохтмон тағйирот ворид карда мешаванд. Биносозӣ дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо ва обравҳо манъ карда мешавад. Ҳамзамон, дар фаслҳои баҳору тирамоҳ корҳо оид ба шустани дарахтон ва ниҳолҳо гузаронда хоҳанд шуд.
Шавкат Мирзиёев супориш додааст, ки ин тадбирҳо то 1-уми марти соли 2026 пурра амалӣ карда шаванд. Дар фармон ҳамчунин, як иқдоми муҳимми дигар ҷой дорад. Гузаронидани ҳама гармхонаҳои наздики Тошканд ба гармидиҳии газӣ. Барои иҷрои ин супориш соҳибкорон бояд дар давоми як ҳафта бо Вазорати энергетика шартнома банданд. Дар фаслҳои баҳору тирамоҳ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифодаи оби ошомиданӣ барои обёрии дарахтон маҳдуд мешавад. Ҳамчунин, боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизоти тозакунандаи ҳаво барои хонаҳо бекор мегардад.
Қаблан, Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон аз корхонаҳои саноатӣ талаб карда буд, ки то 1-уми декабр партовҳоро ду маротиба коҳиш диҳанд.
Ҳамчунин, қаблан хабар дода шуд, дар шаҳрҳои бузурги Ӯзбекистон таъсиси корхонаҳое, ки ба муҳити зист зарор мерасонанд, манъ карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”