Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ҳикояи ҳазлӣ”-и Сергей Безруков ба ӯзбекҳо хуш наомад
Сергей Безруков, ҳунарпешаи машҳури рус пас аз он ки нақши ҳазлии ӯ дар бораи сухани сокинони Ӯзбекистон норозигии бахше аз аудиторияро барангехт, бо як муроҷиати расмӣ сухан гуфт.
Мусоҳибае, ки дар нишасти матбуотии “ТАСС” сабт шуда буд, баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Баъзе корбарон дар услуби ӯ мазоқ ва масхараи забону фарҳанги ӯзбекро диданд.
Дар вокуниш ба ин интиқодҳо ҳунарманд дар видеои нашршудаи худ гуфт, ки ҳодиса “провокатсия буда, мақсада барангехтани танишҳои байналмилалӣ”-ро дорад. Ба гуфтаи Сергей Безруков ҳикояе, ки ӯ ба шеваи ҳазл нақл кард, чор сол қабл дар Тошканд рух дода буд - замоне, ки ӯ барои гузоштани гул ба қабри Татяна Есенина ба оромгоҳ рафта буд.
Ӯ таъкид намуд, ки ин воқеаро борҳо ҳам дар Русия ва ҳам дар Ӯзбекистон ба таври ҳазл нақл кардааст.
Сергей Безруков ҳамчунин, ба муносибатҳои гарми худ бо Ӯзбекистон ишора намуда, оиди даҳҳо барномаи гастролӣ дар ин кишвар, эҳтирому дилбастагӣ ба фарҳангу меҳманнавозии ӯзбекон, дӯстӣ бо ҳамкасбонаш, аз ҷумла Фарҳод Маҳмудов, ки бо ҳам дар ВГИК дарс медиҳанд, таъкид кард.
“Сергей Безруков, ки самимона дӯстдори мардуми ӯзбек ва Ӯзбекистон аст. Ба провокатсияҳо аҳамият нидиҳед”- гуфт Сергей Безруков.
Ҳунарманд гуфт, ки талошҳо барои “таҳқиромез” нишон додани суханонаш таҳриф кардани воқеият мебошад ва бовар дорад, ки аксари бинандагон муносибати воқеии ӯро нисбат ба кишвари Ӯзбекистон хуб медонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”