27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
26.11.2025 09:16

Қоидаҳои сабти ном барои муҳоҷирон дар Қазоқистон тағйир меёбад

Қоидаҳои нави сабти ном барои муҳоҷирон дар Қазоқистон, ки бо фармони Вазири корҳои дохилии Қазоқистон тасдиқ шудаанд, мавриди амал қарор мегиранд.

Бар асоси қоидаҳои нав, муҳоҷироне, ки ба Қазоқистон ворид мешаванд, ба онҳо қоидаи будубоши 90 – рӯза муқаррар шудааст ва бояд дар идораи корҳои дохилии Қазоқистон на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи убур аз марзи давлатӣ сабти ном шаванд.

Барои сабти ном дар Шуъбаи корҳои дохила муҳоҷир бояд иттилооти зеринро дар системаи иттилооти Вазорати корҳои дохилӣ ворид кунад:  номи пурра, санаи таваллуд, маълумоти шиноснома, маълумоти шахсе, ки ҷойи иқомат медиҳад ва суғуртаи муваққатии иқомат.

Баъди ворид кардани маълумоти ҷойи иқомати шахс бо огоҳинома дар барономаи мобилӣ дар бораи сабти номи муҳоҷир огоҳ карда мешавад ва розӣ будан ё рад кардани сабти ном дар он ҷойи иқоматро тасдиқ мекунад.

Баъди тасдиқи сабти ном дар ҷойи иқомат дар кабинети шахсии муҳоҷир дар ИС МП шаҳодатномаи сабти ном ташаккул меёбад. Сабти ном барои муҳоҷирон дар Қазоқистон дар ҷойҳои зист, манзилҳо, квартираҳо, хобгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, хонаҳои истироҳатӣ, осоишгоҳҳо ва ҳамчунин, дар бино ва ҷойҳои истифодашаванда барои зиндагии мардум амалӣ мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.