Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Буҳрони молиявӣ дар Олмон. Шаҳрвандонро аз наздик будани варшикастагӣ хабар медиҳанд
Рӯзномаи “Билд” дар гузорише навишт, шаҳрдорони Олмон ҳушдор додаанд, ки аксар шаҳрҳои кишвар дар марҳилаи наздик ба варшикастагӣ қарор доранд ва камбуди буҷети шаҳрҳо дар соли 2025 ба 30 миллиард евро расидааст.
Томас Куфен, шаҳрдори шаҳри Эссен ва узви Ҳизби демократии масеҳӣ гуфт, ки фақат 10 шаҳр аз 396 шаҳр ва шаҳрдориҳои Нордрайн-Вестфален буҷети мутвозин доранд ва буҳрони молиявӣ маҳдуд ба шаҳрҳои саноатии собиқ нест.
Ӯ гуфт, ки хароҷоти қабул ва муттаҳид кардани паноҳҷӯён яке аз омилҳои асосии камбудии буҷет буда, модели ҳифзи иҷтимоии кишвар дар канори сиёсати муҳоҷират, фишори молиявии шадид ба шаҳрро эҷод намудааст. Масалан, дар Эссен буҷети соли 2025, ки қарор буд мутавозин бошад, ҳоло ба камбуди 123 миллион евро рӯ ба рӯ мебошад.
Шаҳрдори Эссен ҳушдор дод, ки агар буҳрони молиявӣ идома ёбад, ёрии ҳукумати федералӣ барои шаҳрҳо кофӣ нахоҳад буд. Ӯ гуфт, ки “вақте давлат дигар қодир ба таъмин намудани хизматрасониҳои асосӣ нест, эътимоди мардум аз миён меравад”.
Рӯзномаи “Билд” навишт, ки камбуди буҷет ва қарзҳои афзояндаи мардум нигарониҳоро дар хусуси ояндаи ҳифзи иҷтимоӣ ва демократия дар Олмон шадид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”