Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кохи Cафед аз мувофиқати Украина бо бандҳои тарҳи сулҳи Амрико хабар дод
Сухангӯи Кохи Сафед аз мувофиқати Украина бо бандҳои тарҳи сулҳи Амрико дар нишасти Женева иттилоъ дод.
Каролин Левит, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки Вашингтон ва Киев баъд аз музокироти Женева дар хусуси аксари моддаҳои тарҳи Амрико барои ҳалли низои Украина ба созиш расиданд.
Левит аз “музокироти созанда” -и миёни тими амнияти миллии Президенти Амрико ва ҳайати Украина хабар дод ва афзуд, ки ду ҷониб тавонистанд “бандҳо”-и тарҳи 28 моддаии сулҳро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
“Ҳама нисбат ба он чи дирӯз дар Женева рух дод, хушбин ҳастанд. Украина дар танзими бандҳои тарҳ бо мо ҳамкорӣ кардааст. Албатта, бояд мутмаин бошем, ки ҳамаи ин бандҳо комилан ниҳоӣ мешаванд”- гуфт Каролин Левит.
Ин масъули амрикоӣ таъкид намуд, ҳукумат умедвор аст Русия низ бо шартҳое, ки барои ҳалли буҳрони Украина тарҳрезӣ мешавад, мувофиқат хоҳад кард.
Каролин Левит дар бахши дигар таъкид намуд, ки Доналд Трамп, Президенти Амрико дар айни ҳол барномае барои дидор бо Владимир Зеленский, Президенти Украинаро надорад.
Ҳукумати Доналд Трамп лоиҳаи 28 моддаиеро барои поён додан ба ҷанги Украина ва Русия пешниҳод кард. Бар асоси ин тарҳ Киев дар ивази гирифтани тазминҳои амниятӣ, бахше аз қаламрави худ ба Маскавро месупорад ва маҳдудиятҳои муайянеро дар самти тавоноии низомии худ мепазирад.
Иттиҳоди Аврупо ва дигар муттаҳидони Украина ба ин лоиҳа вокуниши манфӣ нишон дода, онро иҷрои хостаҳои Русия номиданд. Кохи Сафед гуфт, ки лоиҳаи Трамп бозтобдиҳандаи талаботи ҳар ду ҷониб буда, манофеи онҳоро таъмин мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”