Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кореяи Ҷанубӣ: Эҳтимоли даргирӣ бо Кореяи Шимолӣ вуҷуд дорад
Ли Ҷэ Мён, Президенти Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки вазъ дар нимҷазираи Корея “бениҳоят хатарнок” буда ва эҳтимоли “даргирии тасодуфӣ” бо Кореяи Шимолӣ вуҷуд дорад.
“Мутаассифона, робитаҳои миёни ду Корея бисёр душманона ва тахрибкунанда аст. Ҳатто сатҳи камтарин эътимод низ вуҷуд надорад. Кореяи Шимолӣ сухану иқдомҳои ниҳоят тезу тунд нишон медиҳад”- гуфт президенти Кореяи Ҷанубӣ.
Президенти Кореяи Ҷанубӣ таъкид кард: “Мо ба марҳилае расидаем, ки намедонем кай мумкин аст, як даргирии тасодуфӣ рӯй диҳад. Ҳамаи хатҳои иртиботӣ қатъ шудаанд ва онҳо аз ҳар гуна тамосу гуфтугӯ худдорӣ мекунанд. Вазъият бисёр хатарнок мебошад”.
Кореяи Ҷанубӣ ҳафтаи гузашта пешниҳод намуд, ки Сеул ва Пхенян дар хусуси таъйин ва мушаххас намудани хатти марзӣ дар канори минтақаи ғайринизомӣ гуфтугӯ кунанд, то аз даргирии мусаллаҳонаи миёни ду ҷониб пешгирӣ шавад. Кореяи Шимолӣ то ба ҳол ба ин пешниҳод посух надодааст.
Аз ибтидои соли 2025 то ҳоло сарбозони Кореяи Шимолӣ беш аз 10 бор марзро убур намудаанд, ки баъзе аз онҳо боиси огоҳии тирпарронӣ аз ҷониби низомиёни Кореяи Ҷанубӣ шудаанд.
Президенти Кореяи Ҷанубӣ таъкид намуд, ки расидан ба сулҳ бо Кореяи Шимолӣ як раванду талоши дарозмуддат аст ва фақат вақте ки сулҳи устувор ба даст оварда шавад, машқҳои муштараки низомии Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА қатъ хоҳанд шуд.
Пхенян ҳамеша машқҳои муштараки низомии Сеул ва Вашингтонро маҳкум карда, онҳоро омодаи амалиёт барои ҳамла ба Кореяи Шимолӣ медонад.
Дар ҳоли ҳозир тақрибан 28 ҳазору 500 низомии амрикоӣ ва шумори зиёди таҷҳизоти ҳарбии ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ мустақар мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”