27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Марям Исоева, Моҳпайкар Ёрова ва дигарон. Ҷамъбасти озмуни “Беҳтарин ролик дар васфи Пешвои миллат”
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷамъбастии озмуни “Беҳтарин ролик дар васфи Пешвои миллат” ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон хабар дод.
Манбаъ меафзояд, ки дар умум ба озмуни “Беҳтарин ролик дар васфи Пешвои миллат” 96 ролик, ки фаъолияти пурсамар, талошҳои созанда ва хизматҳои арзандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамоянд, пешнизод гардидааст.
РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, аз ҷониби комиссияи босалоҳият наворҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда, панҷ нафар ғолиб дониста шуданд. Аммо ному насаби ғолибон ва ҷойҳои гирифтаашон зикр нашудааст. Дар аксе, ки манбаъ нашр кардааст, дар баробари чанде аз блогерон ҳунармандони маъруфи тоҷик Марям Исоева ва Моҳпайкар Ёрова дар қатори ғолибон инъикос ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи ноябр Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе озмуни “Беҳтарин ролик дар васфи Пешвои миллат”-ро эълон намуда, хабар дода буд, ки ба ғолибони ҷойи аввал 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”