Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Сифати алоқаи мобилӣ ва интернет дар Хадамоти алоқа баррасӣ гардид
Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои мобилӣ вохӯрии корӣ баргузор гардида, сабаби паст гардидани сатҳу сифат, дастрасии муштариён ба алоқаи мобилӣ ва шабакаи интернет дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ки аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, дар вохӯрӣ роҳбарони ширкатҳои мобилӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, барқарор намудани хизматрасонии босифат ба муштариён ва таъмини муътадили алоқаи мобилӣ ва интернет дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки бо мақсади расидан ба арзу шикояти муштариён ва истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва интернет аз ҳисоби роҳбарияти Хадамоти алоқа ва роҳбарону масъулини ширкатҳои мобилӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Манбаъ меафзояд, ки ба ширкатҳои мобилӣ дастур дода шуд, ки дар ҳолати қатъ ва ё маҳдуд гардидани таъмини қувваи барқ дар минтақаҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои осебпазир бо истифода аз панелҳои офтобӣ, аккумуляторҳои захиравӣ ва дизел-генераторҳои коршоям фаъолияти ҳамаи истгоҳҳои базавии мобилиро мунтазам ва бетаваққуф ба роҳ монанд.
“Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор карда шуданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, сарбории истгоҳҳои базавиро танзим намуда, ҷиҳати таҷдиди инфрасохтор, насби таҷҳизоти иловагӣ ва тавсеаи шабакаҳо дар минтақаҳои серистеъмол чораандешӣ намоянд”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ширкатҳои мобилӣ уҳдадор гардиданд, ки дар ҳолати муваққатан қатъ намудани хизматрасониҳо пешакӣ ба муштариён тариқи SMS-паём хабар диҳанд.
Ҳамчунин, аз истифодабарандагони хизматрасониҳои мобилӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати паст будани сифати хизматрасонӣ ё фаъолият накардани истгоҳҳои мобилӣ, бо нишон додани суроға, вақти ба миён омадани мушкилӣ ва номи оператор ба Хадамоти алоқа муроҷиат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”