Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боз бидуни Роналду. Ҳайати “Ал-Наср” барои бозӣ бо “Истиқлол” ба Душанбе омад
Ҳайати бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо шумули футболбозони маъруф Садио Мане, Жоау Феликс, Марсело Брозович, Иниго Мартинес ва дигарон шоми 24-уми ноябр ба пойтахти кишвар омад.
Тавре ки интизор мерафт, ҳамлагари дастаи мазкур Криштиану Роналду ба Тоҷикистон наомад. Сафар накардани ӯ расман шарҳ дода нашудааст, вале қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки мувофиқи шартномаи нав футболбози португалӣ имкон дорад дар бозиҳои меҳмонии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё иштирок накунад.
Гуфтан ба маврид аст, ки бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар доираи даври 5-уми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё рақобат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар гурӯҳи “D” бошгоҳи “Ал-Наср” 12 имтиёз дошта, дар ҷойи якум қарор дорад. Дастаҳои “Аз-Завра” ва “Истиқлол” бо 6 холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм мавқеъ гирифта, бошгоҳи “Гоа” бидуни имтиёз дар ҷои охир қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”