Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И дар бораи тақвияти робитаҳои Тоҷикистон ва Чин суҳбат карданд
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе, дар шаҳри Душанбе бо Ван И, Вазири корҳои хориҷии Чин дидор намуда, таъкид карданд, ки тақвияти равобит бо Чин ҳамеша авлавияти аслии кишвари Тоҷикистон аст.
Бар асоси иттилои расонаҳои чинӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот ба рушди босуръати мушорикати роҳбурдии Тоҷикистон ва Чин ишора карда ва афзудаанд, ки Чин ҳоло бузургтарин шарики тиҷоратӣ ва бузургтарин сарчашмаи сармоягузории Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон нақши рӯ ба рушд ва пешрави Чин дар умури байналмилалиро сутуда ва ҳимояти фаъоли худро аз ибтикороти ҳукмронии ҷаҳонии Чин иброз намудаанд.
Ван И дар ҷараёни мулоқот ба ҳифзи иртиботи наздик ва табодули роҳбурдии миёни президентҳои ду кишвар, ки боиси эҷоди эътимоди қавӣ ва дӯстии амиқ шуда, таъкид намуд. Вай омодагии Чин барои иҷрои комили созишномаҳои роҳбарон ва тақвияти мушорикати стратегии ҷомеъ дар асри ҷадидро дубора изҳор намуд. Ван И гуфт, ки рушд бо кайфияти боло ва афзоиши сатҳи равобит бо Чин фурсатҳои рушди бештарро барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба армуғон хоҳад овард.
Чин ба тамоюли худ барои афзоиши ҳамоҳангӣ дар доираи ниҳодҳои минтақавӣ, монанди созмони Шанхай ва механизми Чин-Осиёи Марказӣ ҷиҳати муборизаи муштарак бо терроризм, таҷзияталабӣ ва ифротгароӣ ва дар натиҷа тақвияти амниятӣ барои рушд ва иҷрои ҳар ду кишвар таъкид намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”