Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аҳмад Масъуд мегӯяд барои Афғонистони демократӣ ва чандфарҳангӣ мебориза мекунем
Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон зикр кард, ки ин ҷабҳа пайрави дидгоҳи падараш – Аҳмад Масъуд аст ва барои эҷоди як Афғонистони демократӣ ва чандфарҳангӣ мубориза мекунанд.
Ӯ дар гуфтугӯ бо маҷаллаи фаронсавии Эксиус афзуд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба муборизаи мусаллаҳона бар зидди Толибон идома медиҳад, аммо хоҳони дахолати низомии Афғонистон нест.
Аҳмад Масъуд таъкид кард, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба ҳимояти сиёсӣ аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад, то битавонад бар зидди гурӯҳи террористии Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ мубориза кунад. Толибон ба ҳамон мизон кумакҳои молӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дарёфт мекунанд, ки ҳукумати пешини Афғонистон низ дарёфт мекард, аммо бидуни ҳич гуна назорате ин сарчашмаҳоро ба ҷои рушди кишвар барои ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ҳазина мекунанд.
Аҳмад Масъуд ҳушдор дод, ки ҳимояти ҷаҳонӣ аз Толибон хатарҳои зиёдеро ба ҳамроҳ дорад ва дар сурати идомаи ин раванд эҳтимолан дар оянда буҳронҳои бузургтаре Афғонистон ва ҷаҳонро таҳдид кунад.
Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ шарҳ дод, ки Толибон дар чаҳор соли гузашта 25 ҳазор ҷавонро дар мактабҳои ҷиҳодӣ омӯзиш додаанд ва ин масъала як таҳдиди бузург мебошад.
Аҳмад Масъуд чанд рӯз қабл низ дар нишсти солонаи “Дидорҳои оянда” дар Фаронса гуфта буд, ки Афғонистони зери назорати Толибон бори дигар ба маркази ҷаҳонии омӯзиши террористҳо мубаддал шуда ва ҳадаф аз муборизаи мусаллаҳона расидан ба як роҳи ҳалли сиёсӣ мебошад.
Ӯ таъкид кард, ки гурӯҳи террористии Толибон гуфтугӯи сиёсиро рад кардаанд ва ҷабҳаи муқовимат ногузир шуд, ки барои таъмини ҳуқуқи мардум даст ба муборизаи мусаллаҳона занад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”