Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Пас аз ғалаба ашк рехт. Нурулло Алиев аз топ-15 рақиб мехоҳад
Размкори бебохти тоҷик Нурулло Алиев шоми 22-юми ноябр дар мусобиқаи UFC Fight Night 265 бо намоянда аз Британияи Кабир Шем Рок рақобат намуд.
Агарчи рамзкори тоҷик дар ҳама раундҳо бартарӣ дошт, аммо ғалабаи фаврӣ ба даст оварда натавонист, балки бо қарори якдилонаи доварон пирӯз гардид.
Нурулло Алиев се раунд ба Шем Рок ҳамла кард ва ба қавле рақобат танҳо яктарафа буд. Ҳамоно варзишгари тоҷик бебохт аст ва корномаи касбиаш 11-0 мебошад.
“Мо бо тимамон се моҳ тамрини вазнин гузаронидем, то ки ба натиҷаи дилхоҳ бирасем. Пас аз як муҳориба дар UFC ман ҷароҳат бардоштам ва хеле вақт ба майдон баромада натавонистам. Ҳамчунин, моҳи феврали соли равон падарам аз дунё гузаштанд, ки бароям хеле сангин гардид. Аммо ман баргаштам ва кӯшиш мекунам, ки фосила байни муҳорибаҳоям тӯлон набошад”, - гуфт ӯ пас аз муҳориба ва ашк рехт.
Ҳамчунин, пас аз муҳориба аз рамзкори тоҷик пурсиданд, ки рақиби ояндаи худ киро дидан мехоҳад. Ӯ ишора кард, ки мехоҳад ташкилот ба ӯ аз рӯйхати топ-15 ягон рақиб диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Нурулло Алиев аввалин тоҷикест, ки бо ташкилоти UFC шартнома баст ва аз соли 2023 то имрӯз се муҳориба гузаронида, дар ҳарсеаш ғолиб омадааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”