27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Истгоҳи навбатӣ Рим. Театри опера ва балет ба кишвари балет сафар мекунад
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ният дорад бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли оянда бо сафари ҳунарӣ ба кишвари опера - Италия рафта, дар Операи Рим ҳунарнамоӣ намояд.
Тавре ки аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хабар медиҳанд, ҳоло санаи баргузории барномаҳои театри мазкур дар Италия маълум нестанд, вале директори театр Камолиддин Сайфиддинзода оғози соли 2026 ба Италия сафар мекунад ва масъалаи баргузор кардани намоишҳо ва гала-консертро бо масъулин ба миён мегузорад.
Барномаи гала-консерте, ки ҳунармандони мо дар Театри операи Рим пешниҳод мекунанд, аллакай дар ҳоли таҳия аст. Ин барнома омезиши классикаи миллӣ ва ҷаҳониро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки тибқи рӯйхати пешакӣ, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирали Достизода, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари бадеии театри мазкур пешниҳод намудааст, дар барнома арияҳо аз мероси гаронбаҳои операи тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ иҷро мешаванд. Масалан, аз "Рӯдакӣ"-и Ш. Сайфиддинов, "Шӯриши Восеъ"-и С. Баласанян, "Бозгашт"-и Я. Сабзанов, асарҳои Зиёдулло ва Толибхон Шаҳидӣ, Д. Дӯстмухаммадов, Т. Сатторов ва дигарон. Аз асарҳои маъруфи ҷаҳонӣ бошад, порчаҳо аз операҳои "Кармен"-и Ж. Бизе, "Риголетто" ва "Травиата"-и Ҷ. Верди, "Богема"-и Ҷ. Пуччини, "Фаворит"-и Г. Донитсетти, "Устои мӯйтароши Севилия"-и Ҷ. Россини ва дигарҳо дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон ҳайати ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Театри «Gymnase Marie Bell»-и Париж ҳунарнамоӣ карда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”