27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
22.11.2025 09:49

Ҳар 7 соат як зан дар Фаронса кушта мешавад ё худкушӣ мекунад

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон дар Фаронса бо шиори “Вақти ҳушдор гузаштааст, вақти амал фаро расидааст”, аз афзоиши ҷиноятҳои вобаста ба куштори занон аз сӯи шавҳарони ҳозира ё собиқашон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Бар асоси иттилои расонаҳо ниҳоди давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқи занон - MIPROF дар гузориши солонаи худ барои соли 2024, ки рӯзи панҷшанбе 20-уми ноябр нашр гардид, эълон намуд, ки ҳар 7 соат дар Фаронса як зан ё кушта мешавад ва ё мавриди талоши куштор қарор мегирад ва ё ба худкушӣ рӯ меоварад. Аксари ин амалҳо аз ҷониби шавҳарони имрӯзӣ ё собиқ анҷом дода мешавад.

Ин гузоришро Маркази миллии мубориза бо зӯроварӣ бар зидди занон таҳия карда, ба MIPROF пешниҳод намудааст.

Тибқи иттилои MIPROF ҳар ду дақиқа як зан дар Фаронса қурбони тоҷовуз ё талоши таҷовуз мешавад. Ҳамчунин, ҳар 23 сония як зан ба озору рафтори номатлуби ҷинсӣ дучор мегардад.

Дар ин кишвар куштори занон дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 11% бештар шудааст. 107 зан ба дастони шарики имрӯзӣ ё собиқи худ кушта шудаанд. 270 зан мавриди талоши куштор қарор гирифтаанд. 906 зан қурбони озору таъқиби ҷинсӣ аз ҷониби шарики худ шудаанд, ки боис ба худкушӣ ё талоши худкушӣ гардидааст. Дар маҷмуъ, 1283 зан дар соли 2024 қурбони зӯроварии оила шудаанд, ин дар ҳоле ки ин рақам дар соли 2023, 1196 нафар буда.

Тибқи гузориши рӯзномаи “Ле мондӣ”, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон мардумро даъват намуданд, ки рӯзи шанбе, 22-уми ноябр ба эътирозҳои густурда бароянд. Ин ҷамъомадҳо дар Порис ва даҳҳо шаҳри дигар, аз ҷумла Лил, Лион, Ла Рошел ва Бордо, бо меҳвари эътирози занон баргузор мешавад.

Созмони эътирози занон, ки аз 60 иттиҳодия ва анҷумани ҳомии ҳуқуқи занон иборат аст, роҳбарияти ин тазоҳуротро дар Порис ба уҳда дорад.

Дар як баҳси дигар Сюзи Ружтман, сухангӯи Созмони миллии ҳуқуқи занон гуфт, ки “Дар Фаронса ҳатто баъзе афсарони полис ба таҷовуз дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд. Куштори занон дар хона зиёд мешавад, то ҳол барномаи ҳамаҷонибае барои муқобила бо зӯроварии ҷинсӣ дар донишгоҳҳо вуҷуд надорад”.

Ӯ таъкид намуд, ки ба як нақшаи ҷиддии миллӣ барои мубориза бо зӯроварии ҷинсӣ ва табъиз дар донишгоҳҳо ниёз доранд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон аз сиёсати ҳукумати Эммануэл Макрон низ интиқод намуда, онро нокифоя меҳисобанд. Макрон дар оғози даври дуюми раёсати худ ваъда дода буд, ки “мубориза бо зӯроварӣ бар зидди занон” меҳвари асосии сиёсати ӯ хоҳад буд.

Гузориш меафзояд, ки бо вуҷуди иқдомҳои кишвар, аз ҷумла рақами телефони кумак, дастбандиҳои электронӣ ва кумакҳои фаврӣ, фаъолон ин тадбирҳоро кофӣ намедонанд ва мегӯянд, ки буҷаи ҷудошуда низ хеле кам мебошад.

Созмонҳои занон ҳамчунин, аз рад кардани шикояти занон, ҷазо нагирифтани бисёре аз ҷинояткорон, мушкилоти сохторӣ дар раванди баррасии парвандаҳо ва ғайра интиқод мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.