Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ: “Барои ҳар гуна даргирӣ омодаем. Аз созиши одилона ҳимоят мекунем”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо “Экономист” гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ нисбат ба ҷанги қаблӣ омодагии хеле бештар дорад ва аз як созиши “одилона ва ботавозун” ҳимоят мекунад.
Аббос Ироқчӣ дар посух ба суол дар мавриди эҳтимоли ҳамлаи режими саҳюнистӣ гуфт: “Мо нисбат ба ҷанги қаблӣ омодатарем ва миқдору сифати мушакҳои мо беҳтар шудааст”.
Ӯ таъкид кард, ки Эрон ҷанг намехоҳад, вале “беҳтарин роҳ барои пешгирӣ аз ҷанг, омодагӣ ба он аст”.
Вазири корҳои хориҷӣ афзуд, ки Эрон дар Ҷанги 12 – рӯзаи гузашта таҷрибаи муҳим ба даст овард ва ҳам заъфҳои худу ҳам нуқтаҳои сусти режими саҳюнистиро ошкор намуд: “Мо бар ҳамаи ин масъалаҳо кор кардем ва комилан омода ҳастем, ҳатто омодатар аз борҳои пешин”.
Сайид Аббос Ироқчӣ, ҳамчунин, ба қабули қатъномаи зидди Эрон дар Шурои ҳокимони Агентии байналмилалии неруи атомӣ ишора намуда, афзуд, ки ин иқдом ба эътибори Агентӣ ва равандҳои ҳамкорӣ бо Эрон зарба мезанад. Ба гуфтаи ӯ, Эрон дар номаи расмӣ ба раиси Агентии байналмилалии атомӣ расман эълон кард, ки созишҳои қаблӣ дигар эътибор надорад ва поёнёфта ба шумор меравад.
Ин изҳорот дар шароите садо дод, ки танишҳо дар минтақа боло гирифтанд ва эҳтимоли авҷ гирифтани рӯйдодҳои ҳарбӣ дар меҳвари Эрон, Исроил ба маркази таваҷҷуҳи расонаҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”