Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Мақоми амрикоӣ: Вақти хотима бахшидан ба ҷанги Украина фаро расидааст
Як намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки ҳоло вақти анҷом додани ҷанги Украина фаро расидааст, зеро ин низоъ бо роҳи низомӣ ба поён нахоҳад расид.
Тибқи иттилои “Алҷазира”, ин мақоми амрикоӣ гуфт, ки ҷанг хароҷоти харобкорона ба ҳама ҷонибҳо ба бор овардааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд роҳи хотима додани онро пайдо намояд. Ӯ таъкид кард, ки Вашингтон ба таҳвили силоҳ ба Украина барои дифои худ идома медиҳад.
Ин намоянда ҳушдор дод, ки дар сурати сарпечии Русия аз дархостҳои оташбас имкон дорад, таҳримҳои иқтисодии бештар бар зидди Маскав ҷорӣ шаванд.
Кохи сафед низ қаблан дар изҳороте гуфт, ки музокирот барои поён бахшидан ба ҷанг идома дорад ва Доналд Трамп аз нақшаи сулҳи пешниҳодшуда ҳимоят мекунад. Ба гуфтаи ин намояндаи Амрико президент аз ҳарду ҷониби низоъ ноумед шудааст.
Ин суханронӣ дар замоне садо медиҳад, ки музокирот миёни Киев ва Маскав ба бунбаст дучор шудааст ва ҷанг ҳамоно талафот ва харобиҳои зиёд ба бор меорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад