Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон баъди қабули қатъномаи зиддиэронӣ созишномаи Қоҳираро поёнёфта эълон кард
Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ баъди тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ дар Шурои мудирони Агентии байналмилалии неруи атомӣ, ки аз сӯи Амрико ва се кишвари аврупоӣ таҳия шуд, эълон кард, ки созиши Қоҳира расман поён ёфтааст.
Аббос Ироқчӣ рӯзи панҷшанбеи 20-уми ноябр дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки иқдоми “ғайриқонунӣ ва беасос” -и кишварҳои аврупоӣ ва Амрико боиси бекор шудани созишномаи бадастомада миёни Эрон ва Амрико шудааст. Тибқи гуфтаи ӯ, ин кишварҳо бо таҳия ва ҳимоят аз қатъномаи зиддиэронӣ “мустақилияти агентиро зери суол мебаранд ва раванди ҳамкорӣ миёни Эрон ва Амрикоро халалдор мекунанд”.
Тибқи навиштаи Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳарчанд ки созишномаи Қоҳира баъд аз иқдоми се кишвари аврупоӣ дар Шурои Амнияти СММ барои гузаронидани қатъномаҳои лағвшудаи зидди Эрон амалан эътибори худро аз даст дода буд, имрӯз Эрон бо ирсоли номаи расмӣ ба Рафаэл Гросси, директори кулли Агентии байналмилалии атомӣ поён ёфтани онро расман эълон намуд.
Агентии байналмилалии атомии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи гузашта дар изҳороте гуфт, ки нозирон ба Эрон баргаштаанд ва санҷишҳо дар иншооти осебнадида идома дорад. Эрон низ тасдиқ кард, ки тафтишҳо дар ҷойҳое, ки дар бомбаборон зарар надидаанд, идома меёбад.
Аббос Ирқочӣ таъкид кард, ки беэътиноӣ ба ҳамкорӣ ва ҳусни нияти Эрон “раванди эътимодсозӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар робита бо Амрико зери хатар мегузорад”.
Ин таҳаввулоти нав дар фазои фазояндаи танишҳо миёни Теҳрон ва кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи атомӣ сурат мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”