27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
21.11.2025 10:45

Ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар самти муҳоҷират тақвият меёбад

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати TELC GmbH Винфрид Элвангер ва Қурбанӣ Монассер Фараҳ дар Душанбе вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҳамкориии Тоҷикистону Олмонро дар самтҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзиши забони олмонӣ, арзёбии дониш ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати Олмон муҳим арзёбӣ кард.

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид карданд, ки равобити Тоҷикистону Олмон дар соҳаи меҳнат ва таҳсилоти касбӣ сол аз сол густариш ёфта, саҳми шарикони олмонӣ, аз ҷумла Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи таълими калонсолони Олмон (dvv international), Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ва Фонди хазинаҳои амонатгузориии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (German Sparkassenstiftung) дар рушди бозори меҳнат, такмили малакаҳои касбӣ, дастгирии муҳоҷирон ва ташаббусҳои соҳибкорӣ назаррас арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ҳамкории нав бо TELC GmbH барои баланд бардоштани савияи дониш, рушди малакаҳои касбӣ ва рақобатпазирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозори байналмилалии меҳнат имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.