Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Табибони Тоҷикистону Италия амалиёти мураккаби ҷарроҳии дилро гузаронданд
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Виталий Пак, мутахассиси Беморхонаи шаҳри Массаи кишвари Италия ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо омада, бо мутахассисони тоҷик як қатор амалиётҳои ҷарроҳиро барои беморони дил, аз ҷумла барои кӯдакони гирифтори бемории нуқсонҳои дил гузаронид.
Манбаъ меафзояд, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани табодули таҷриба миёни Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беморхонаи шаҳри Массаи кишвари Италия солҳои охир як қатор амалиётҳои ҷарроҳии дил, аз ҷумла нуқсонҳои модарзодии дил гузаронида шуданд.
“Давоми солҳои охир маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат ва гузаронидани амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ навгонии зиёд ба даст омадааст. Аз ҷумла дастрасии дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва баланд бардоштани донишу таҷрибаи мутахассисони ватанӣ имкон даст дод, ки дар кишвар мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ низ ба беморон гузаронида шаванд”, - гуфта мешавад дар иттилоия.
Ҳамчунин, Виталий Пак, мутахассиси Беморхонаи шаҳри Массаи кишвари Италия бо табибони кишвар вобаста ба усулҳои нави ҷарроҳӣ ва табобати бемориҳои дил машғулияти омӯзишӣ гузаронид.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”