Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳушдор! Чор рӯзи оянда дар ҷумҳурӣ хокбориш дар назар аст
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 21-ум то 24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ва баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) дар назар аст.
Тавре ки АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ба шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ, марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ хокбориш аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ворид мегардад.
“Зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Ин гуна зарраҳо ба саломатии кӯдакон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин таъсири манфӣ мерасонанд”, - зикр мекунад манбаъ.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”