Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Истаравшан: Ифтитоҳи фосилавии даҳ иншоот
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври фосилавӣ 10 иншоот - 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро дар шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор доданд, ки ба рушди таҳсилот, хизматрасониҳои босифати тиббиву бонкӣ заминаи мусоид мегузоранд.
Бинои нави Маркази ташхисию табобатии хусусии Салоҳиддин аз 5 ошёна иборат буда, 35 мутахассиси соҳа ба кор таъмин гардиданд.
Инчунин бинои навтаъсиси филиали Корхонаи воҳиди давлатии Саноатсодиротбонк дар шаҳри Истарвшан аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Бо мавриди истифода қарор гирифтани филиали мазкур зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маҳаллаи Имоми Аъзам барои қабули 720 хонанда дар ду баст ба таври фосилавӣ бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
Иншооти сеошёна бо таҷҳизоти муосири соҳа таъмин буда, бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша сохта шудааст.
Дар деҳаи Тутки деҳоти Пошкент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 дорои 12 синфхона, барои 540 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 дар деҳаи Чорбоғ барои 2 ҳазору 600 хонанда дар ду баст бо 50 ҷойи корӣ тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуд.
Иншоот дуошиёна буда, дорои 36 синфхона мебошад. Хонандагон имкон доранд, ки бо истифода аз кабинетҳои фаннии химия, биология, физика ва география дониши худро сайқал диҳанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 дар деҳаи Сӯфиорифи деҳоти Зарҳалол дар идомаи ҳамин иқдом амалӣ гардида, барои бо таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои ин муассиса аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар муассиса зиёда аз 30 омӯзгор, ки 90 фисади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба кор ҷалб шудаанд.
Ба истифода додани 3 кӯдакистон дар ҳамин рӯз сурат гирифт. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии кӯдакон фароҳам оварда шудааст.
Се муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаҳои Сандағундак, Тутк ва Вогат дар маҷмуъ зиёда аз 400 кӯдак ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро гирифта шудааст.
Имрӯз, 19 ноябри соли 2025 дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти миёнаву томактабӣ ба истифода дода шуд, ки барои 4 ҳазору 200 хонанда дар ду баст ва 400 кӯдак пешбинӣ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”