Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ”. Ярмаркаи ҷойҳои кор дар Душанбе доир шуд
Вазорати меҳнат, муҳориҷат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаронидани якмаркаи ҷойҳои холӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба навиштаи манбаъ, 19-уми ноябр бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба Ватан бозгашта ҷиҳати интихоби кори мувофиқ ва ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисони ба талаботашон мувофиқ аз ҷониби раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар КВД “Бозори деҳқон” ярмаркаи ҷойҳои кор ва вазифаҳои озод баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ярмаркаи мазкур корхонаю ташкилот, муассисаҳо, ширкатҳо ва марказҳои касбомӯзӣ иштирок карда, ба корҷӯён ҷойҳои кор ва хизматрасониҳои касбомӯзиро пешниҳод намуданд.
“Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва эҳтиёҷ ба ҷойҳои нави кор, ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ яке аз роҳҳои муассири коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум маҳсуб меёбад. Ярмаркаҳои ҷойҳои кор як василаи муҳими пайваст кардани кордиҳандагон бо шахсони корҷӯён ба ҳисоб меравад”, - зикр мекунад манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”