Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Донишҷӯ шудан осонтар мегардад. Имтиёз ба 434 довталаби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Имсол ба даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 434 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла 74 довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 90 нафар аз вилояти Суғд, 90 нафар аз вилояти Хатлон, 90 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 90 довталаб аз шаҳри Душанбе роҳ ёфтанд ва ба ҳамаи онҳо сертификати имтиёзнок тақдим мегардад.
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, сертификат ба иштирокчиён имтиёз медиҳад, ки онҳо то се сол аз рӯйи равияҳои гуманитарӣ ва педагогӣ бе имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии мамлакат ба таври ройгон дохил шаванд.
Таъкид мегардад, ки дар даври ниҳоии озмун ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва гирандаи Шоҳҷоиза имтиёз доранд, ки ба муассисаҳои олии мамлакат ба равияи дилхоҳашон ройгон ва бе супоридани имтиҳон шомил гарданд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил менамоянд, ҳангоми дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ё Шоҳҷоиза гардиданд, ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”