27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
19.11.2025 17:27

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳи тиббии Сан Ҷорҷ тақвият меёбанд

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» намояндаи ин ниҳод Тоҷиддини Баҳриддин дар доираи сафари корӣ ба Давлати Гренада бо роҳбарияти Донишгоҳи тиббии Сан Ҷорҷ (St. George’s University) вохӯрӣ намуд.

Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имконияти васеи ҳамкориро дар соҳаи таълим ва омодасозии кадрҳои тиббӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ки яке аз масъалаҳои муҳими мулоқот ин ба роҳ мондани раводиди ройгон барои донишҷӯёни Тоҷикистон мебошад. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки сода кардани раванди раводид имконият медиҳад, ки шумораи бештари ҷавонон аз Тоҷикистон дар ин муассисаи бонуфуз таҳсил намоянд.

Намояндаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ пешниҳод кардааст, ки барои донишҷӯёни тоҷик тахфиф дар таҳсил, барномаҳои дастгирии молиявӣ, инчунин, ҳамкориҳо дар ҳамаи зинаҳо - резидентура, ординатураи клиникӣ, internship, clerkship ва барномаҳои таҷрибаомӯзии амалии табибон ба роҳ монда шаванд. Ҷонибҳо барои таҳияи нақшаи мушаххаси ҳамкорӣ дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳи мазкур зиёда аз 7 ҳазор донишҷӯ аз 150 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Аз ҷумла 9 донишҷӯи тоҷик ҳоло таҳсил доранд.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.