Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Дастгир ва ҳабс шуданд. Муноқишаи ду ҷавон дар Шаҳритус
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз боздошту ҳабси ду ҷавон хабар дод, ки дар назди маркази дилхушие бо ҳамдигар муноқиша кардаанд.
Манбаъ меафзояд, ки Маматқулов Собитҷон Уралович санаи таваллудаш 20.05.1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус ва Назирова Зарина санаи таваллудаш 28.12.1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Н.Хусрав шоми 15-уми ноябри соли ҷорӣ, соати 23:00 дақиқа дар назди тарабхонаи Марҳабои ноҳияи Шаҳритус дар аввал бо ҳам муноқишаи лафзӣ ва сипас латукӯб карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
Бинобар иттилои дастрас, бо Қарори Суд нисбат ба Маматқулов Собитҷон Уралович ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ва нисбат ба Назирова Зарина ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад