26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:30, Душанбе
18.11.2025 10:31

Ҳамкории Тошканду Остона меъмори нави иқтисодии Осиёи Марказиро месозанд

Остона ва Тошканд дар ҳоли шакл додани як қолаби нави ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, ки дар он “транзити бидуни монеа” бо ҳамкориҳои амиқи саноатӣ тақвият дода хоҳад шуд.

Дар ин хусус коршиносони расонаи “Казинформ”-и Қазоқистон дар як матлаби васеи таҳлилӣ хабар дода, навиштаанд, ки сафари навбатӣ ва давлатии Қосим-Жомарт Токаев ба Ӯзбекистон иқтидори иқтисодии Осиёи Марказиро қавитар мекунад.

Қазоқистон ва Ӯзбекистон ду локомотиви ҳамгироӣ ва асоситарин омили афзоиши иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Тақрибан 80 фоизи муомилоти умумии минтақавӣ ба ҳисоби ин ду кишвар рост меояд. Коршиносони хориҷӣ низ аҳамияти афзояндаи минтақа ва нақши мустақили онро таъкид мекунанд, минтақае, ки ба маркази ҷаззоби глобалӣ табдил хоҳад ёфт.

Ҳамин минтақаи Осиёи Марказӣ, ки то чанд соли пеш хатари “балканизатсия”

Ба назари таҳлилгарони қазоқӣ минтақаи Осиёи Марказӣ, ки то чанд сол қабл бо хатари “балканизатсия” рӯ ба рӯ буд, ҳоло дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико “ояндаи Авруосиё” номида мешавад. Дар Чин ва кишварҳои Ғарб “Роҳи нави Абрешим”, дар Русия бошад – унсури муҳимми низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ шинохта мешавад.

Имрӯз кишварҳои минтақа бо як садо ҳарф мезананд, ин як оркестр аст, ки ҳар даври нави музокироти Осиёи Марказӣ плюсро ба ҳамоҳангии он меафзояд. Дар ин раванд Қазоқистон нақши фронтменро мебозад. Машваратҳои доимӣ низ барои бартараф кардани монеаҳои тиҷоратӣ, сода кардани расмиёти гумрукӣ ва мутобиқсозии қонунгузорӣ хизмат мекунанд. Фардо дар Тошканд машварати 7-уми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир хоҳад шуд.

Дар ин манзараи мураккаби робитаҳои байналмилалӣ маҳз тендем ё дугонаи Қазоқистон-Ӯзбекистон платформаи нави иқтисодиро месозад.

Тавре ки Қосим-Жомарт Токаев қайд кард, ин “эътилофи стратегӣ” аст, ки ба рушди созандаи тамоми минтақаҳо равона шудааст.

Муносибатҳои дӯстонаи сарони ду кишвар ба ин раванд устувории бештар мебахшад. Ин на фақат аз ҷузъиёти протоколӣ бармеояд. Пешвози гарми Шавкат Мирзиёев аз Қосим-Жомарт Токаев дар назди зинапояи ҳавопаймо ва супоридани олитарин мукофоти давлатии Ӯзбекистон Ордени Олий дараҷаи “Дустлик” нишондиҳандаи эҳтироми баланд мебошад. Вале амалҳо беҳтар аз ҳар чиз сухан мегӯянд ва дар ин замина кори ду кишвар хеле муассир мебошад.

Ҳар ду роҳбар – сиёсатмадорони амалгаро мебошанд. Онҳо модернизатсияи иқтисодиро асос медонанд. Муҳим будани муттаҳид кардани кӯшишҳоро дар вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ мефаҳманд ва намехоҳанд “объекти таъсиргузории хориҷӣ” бошанд. Аз ин рӯ, ҳамкориҳо густариш меёбанд ва бунёди “пулҳои иқтисодӣ” ба сатҳи тарҳрезии стратегӣ мебарояд.

“Мо бояд барои рушди тиҷорати дуҷониба, ҷустуҷӯи нуқтаҳои нави рушд, васеъ намудани навъҳои мол ва ҳавасманд кардани содироти ғайрисаноатӣ чораҳо андешем. Барои ин, барномаи афзоиши гардиши мол як абзори асосӣ хоҳад шуд” – гуфт Қосим-Жомарт Токаев.

Бар асоси натиҷаи гуфтушунидҳо иқтисоди ду кишвар шакли “рӯшан” пайдо мекунад. Динамикаи рӯзафзуни тиҷорат ва ташаббусҳои нав низ ин равандро тасдиқ мекунанд.

“Дар чанд соли ахир ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни ду кишвар ҳамеша аз 4 миллиард доллар афзун аст. Аммо потенсиали зиёд вуҷуд дорад ва мо ба рушди ин муомилот иқдом мекунем”- зикр кард президенти Қазоқистон.

Барномаи афзоиши гардиши мол ҳадаф дорад, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро то ба 10 миллиард доллар дар сол расонад.

Коршиноси маркази “Мониторинги Евроазия” Алибек Тоҷибоев мегӯяд, ки ин ҳадаф ҳарчанд бузург аст, вале комилан дастрас мебошад, зеро: 70 лоиҳаи муштарак бо арзиши беш аз 7 миллиард доллар фаъол аст, 34 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар фаъол аст ва фаъолияти муштарак дар бахши энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёт, саноати кимиё, мошинсозӣ ва кишоварзӣ рушд мекунад.

Муҳимтарин тарҳҳои муштарак – Маркази байналмилалии ҳамкориҳои саноатии “Осиёи Марказӣ” мебошад, ки минтақаи саноатии 100 гектариро дар бар мегирад ва корхонаҳои истеҳсоли лавозимоти тиббӣ, маҳсулоти ПВҲ, обёрии қатрагӣ, коркарди пахта, нассоҷӣ ва маҳсулоти озуқавориро муттаҳид мекунад.

Қазоқистон ва Ӯзбекистон ният доранд, ки ба воситаи гузариш ба савдои одӣ ба коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкориро дар ин бахш таҳким бахшанд.

Қарор шудааст, ки як гурӯҳи корӣ оид ба геология ва истихроҷи металлҳои нодир ва замини нодир таъсис дода шавад - соҳае, ки имрӯз дар ҷаҳон “нафти нав” ном гирифтааст.

Ҳамзамон:

  • Ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ;
  • Гидроэнергетика;
  • Нақлиёт ва логистика ба тарзи стратегӣ густариш хоҳад ёфт

Бар асоси натиҷаи гуфтушунидҳо 17 санад, аз ҷумла созишномаҳо, ёддоштҳо ва протоколҳои ҳамкорӣ имзо шуданд. Мавзуъҳо хеле густурда мебошанд, аз нафту газ, саноати кӯҳӣ, туризм, идораи сарчашмаҳои об, то машқҳои низомӣ.

  Сабабҳои таъхирҳо ва хароҷоти зиёд инҳо мебошад

  • Тарифҳои ноҳамоҳанги роҳи оҳан;
  • Расмиёти мураккаби ҳуҷҷатгузорӣ;
  • Набудани системаи ягонаи рақамии мониторинги борҳо.

Соли 2024 транзити “бесовний” дар масири Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон фаъол гардид. Ҳоло ин таҷриба ба самтҳои дигар густариш хоҳад ёфт.

Соли 2027 роҳи нави оҳани Қазоқистон, Ӯзбекистон ба кор даромада, хатти Сариғаш, Тошкандро сабкутар хоҳад кард.

Ба шабакаи нақлиётии минтақа дар оянда Афғонистон низ метавонад ба воситаи роҳи оҳани Тургундӣ-Ҳирот пайваст шавад, ки он роҳи кишварҳоро ба Осиёи Ҷанубӣ мекушояд.

Бо ҳамин сабаб, кумак ба Афғонистон барои кишварҳои минтақа аҳамияти стратегӣ дорад. Афғонистон метавонад манбаи ноустувор бошад ё як ҳалқаи иқтисодии минтақа гардад.

Ифтитоҳи Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳадафҳои рушди устувор дар Алмаато низ дар ҳамин чорчӯба арзёбӣ мегардад.

Хулоса, ин тендеме аст, ки минтақаро нав мекунад.

Дар анҷоми гуфтугӯҳо Қосим-Жомарт Токаев гуфт, ки “Қазоқистон ва Ӯзбекистон рақиб нестанд. Мо шарикони стратегӣ ва дӯстони наздик ҳастем, ки роҳро ба сӯи пешрафт ва рушд якҷо тай мекунем”.

Ҳамгироии иқтисодӣ, саноатӣ ва транзитӣ тендемро ба як маркази ҷадиди қувваи иқтисодӣ табдил мекунад. Ташкили занҷирҳои минтақавии арзиши иловашуда, робитаҳои нақлиётӣ ва саноатӣ ба афзоиши нуфузи сиёсиву иқтисодии Остона ва Тошканд дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.