27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
18.11.2025 10:01

Хурмои тоҷикӣ: меваи офтобӣ ва сарчашмаи имкониятҳои иқтисодӣ

Дар Тоҷикистон ҳоло мавсими ҷамъоварии хурмо, яке аз маъруфтарин меваҳои кишвар оғоз гардидааст. Соли ҷорӣ, бино ба иттилои масъулони соҳаи кишоварзӣ, деҳқонон умедвор ҳастанд, ки аз боғҳои хурмо ҳосили фаровон мегиранд.

Хурмои сурхранг, ки онро сокинон “меваи офтобӣ” меноманд, бо ранги нурафшони худ ба ёдоварии шуоъҳои офтоб меояд. Боғҳои Вахшу Ҳисор барои замини серҳосил ва иқлими мусоидашон маълум ҳастанд, ки хурмо дар он ҷо беҳтарин сифатро дорад.

Яке аз соҳибони боғи хурмо дар суҳбат бо расонаҳо мегӯяд, ки боғи ӯ дорои панҷ навъ хурмо мебошад ва ӯ бо муҳаббат ва дақиқӣ ҳосилро ҷамъ мекунад. Ӯ таъкид мекунад, ки хурмо ба обёрии мунтазам ниёз дорад, вагарна баргҳо мепаранд ва меваҳо ноком мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, навъҳои королков ва шоколадӣ аз ҳама бештар дар бозор талабот доранд.

Ин деҳқони тоҷик ҳамчунин, нархи хурмо дар бозорро пешгӯӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки мева ба фурӯшандагони калон бо нархи 2, 5 сомонӣ дар як килограмм фурӯхта мешавад ва дар бозоро ба 5 сомонӣ мерасад.

Тоҷикистон бо навъҳои мухталифи хурмояш шинохта шудааст. Аз ҷумла, навъҳои Зенҷи мару, Шоҳона, Шарқӣ, Вахш ва Королков маълум мебошанд. Ин намуд барои истеъмоли тоза, интиқол ва коркарди иловагӣ мувофиқ мебошад.

Хурмо  на фақат лазиз, балки барои тандурустӣ фоидаовар ҳам мебошад. Дар шароити мусоид дарахтони хурмо метавонанд то 500 сол умр кунанд. Хурмо дорои витаминҳо ва микроэлементҳо буда, дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ талабот дорад.

Тибқи иттилои коршиносон, дар соли 2023 дар ҷаҳон тақрибан 5 миллион тонна хурмо истеҳсол шудааст. Қитъаҳои пешсафи истеҳсолкунанда, аз ҷумла Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Ҷопон ва Бразилия мебошанд. Бо вуҷуди миқдори маҳдуди истеҳсол дар Тоҷикистон маъруфияти хурмо дар бозорҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба таври назаррас афзудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон бозори ҷаҳонии хурмо то соли 2028 бо суръат 6 фоиз афзоиш хоҳад ёфт ва арзиши он аз 840 ҳазор доллар дар соли 2023 ба 1, 13 миллиард доллар хоҳад расид.

Ҳоло Испания, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон аз кишварҳои пешсафи содиркунандагони хурмо мебошанд. Аслан, афзоиши содирот ба баланд будани нархи хурмо дар кишварҳои воридкунанда вобаста мебошад. Масалан, дар Олмон ва ИМА, ки истеҳсоли хурмо маҳдуд  ё нест, талабот ба ин мева баланд мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.