Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Чилим ва сигори электронӣ дар мактаб. Ошкор шудани ҳафт ҳолати ногувор
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ошкори ҳафт ҳолати истеъмоли чилим ва сигори электронӣ дар дохили муассисаҳои таълимӣ хабар дод.
Тавре ки манбаъ менависад, аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғони милитсияи пойтахт ҳафтаи сипаришуда 7 далели истеъмоли чилим ва сигори электронӣ дар дохили муассисаҳои таълимӣ ошкор карда шуд. “Аз ҷумла, ноболиғон Умаров А., Қарахонов Ё., Иззатуллоев И., Раҳмонов М., Зуҳуров М., Султонов А. ва Ҷабборов А., дар дохили муассиаи таълимӣ ба ин амали номатлуб машғул буданд”, - гуфта мешавад дар хабарнома.
Зикр мегардад, ки нисбат ба волидони номбурдагон бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардид.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки баргузории рейду чорабиниҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар ин самт минбаъд низ идома меёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”