Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тими миллии Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ рақобат мекунад
18-уми ноябр дар шаҳри Дарвини Австралия тими миллии Тоҷикистон дар доираи даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бо мунтахаби Тимори Шарқӣ рақобат мекунад.
Тавре ки Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, дар ҷаласаи пеш аз вохӯрӣ, ки масъулини бозӣ, кумитаи тадорукоти маҳаллӣ ва намояндагони дастаҳои Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон иштирок доштанд, ранги либосҳои дастаҳо интихоб шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон бо либосҳои сафед ва ва тими миллии Тимори Шарқӣ бо либосҳои сурх ба майдон мебароянд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Горан Стеванович дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ чунин ибрози назар намуд: “Мо чанд рӯз пеш ба Дарвин омадем, то бачаҳо ба иқлими маҳаллӣ ва фарқи вақт мутобиқ шаванд. Ду рӯзи аввал душвор буд, аммо бозигарон алакай одат карданд. Тимори Шарқиро хуб мешиносем. Онҳо дар меҳмонӣ бо Филиппин қариб баробар бозӣ карда, ҳатто пешсаф шуданд. Ин даста дар ҳайати худ якчанд бозигарони тезсуръат дорад. Рақибони худро ҷиддӣ қабул мекунем ва барои бозии оянда омодагӣ мебинем. Барои дарёфти се хол ба Дарвин омадаем ва танҳо барои пирӯзӣ рақобат хоҳем кард”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”