Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои бо об таъмин кардани обанбори Шардараи Қазоқистон ба созиш расиданд
Дар пасманзари сафари президентҳо ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ниҳодҳои танзимкунандаи оби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба созиш расиданд, ки ҳаҷми пешбинишудаи воридот ба обанборҳои Шардараи Қазоқистонро таъмин кунанд.
Бар асоси иттилоъ, дар шаҳри Ашқобод нишасти 91-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масъалаҳои обӣ доир шуд. Дар ин мулоқот Нурҷон Нурҷигитов, Вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон, Дурди Ганҷиев, раис Кумитаи давлатии идораи оби Туркманистон, Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон ва Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ширкат карданд. Намояндагони сафорати Қирғизистон дар Туркманистон Эмил Шодихонов ба ҳайси нозир ҳузур доштанд.
Ҷонибҳо натиҷаҳои мавсими обтаъминкунӣ дар соли 2025 -ро баррасӣ намуда, ҷадвали пешбинии кори маҷмуи обанборҳои Норин-Сирдарёро дар давраи солҳои 2025-2026 тасдиқ карданд. Бар асоси ҳамин ҷадвал ҳаҷми воридоти об ба обанборҳои Шардара муайян ва мувофиқа шуд.
Ҳамзамон, кишварҳо оид ба иҷрои вазифаҳои вобаста ба қарору ҳадафҳои сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал гузориш доданд. Қарор аст нишасти 92-уми МКВК дар соли 2026 дар Тоҷикистон доир гардад.
Нурҷон Нурҷигитов афзуд, ки мавсими обёрии соли ҷорӣ дар шароити душвори иқлимӣ мегузарад, вале ҳамкории кишварҳои узви МКВК имкон медиҳад, ки обтаъминкунӣ бидуни мушкилот анҷом дода шавад. Тибқи гуфтаи ӯ, асоси ҳамкориҳои оянда дар чунин ҷаласаҳо мушаххас мешавад ва кишварҳои минтақа ба тақсими одилонаи захираҳои фаромарзии об таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд.
Тибқи иттилои расмӣ ҳаҷми умумии оби истифодашуда барои ниёзҳои кишоварзӣ дар Қазоқистон дар мавсими соли 2025 ба 11, 1 миллиард метри мукааб расидааст, ки 98 фоизи он ба минтақаҳои ҷанубии кишвар рост меояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”