27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
17.11.2025 11:09

СММ аз кишварҳои ҷаҳон хост бо ҷиноятҳои фаромиллӣ муборизаи муштрак баранд

Созмони Милали Муттаҳид ҷиноятҳои фаромиллӣ ва таъсири хатарноки он ба ҷомеаҳои ҷаҳониро яке аз ҷиддитарин таҳдидҳои асри XXI мешуморад.

Дар гузориши расмии Созмони Милали Муттаҳид таъкид шудааст, ки чунин ҷиноятҳо боиси талафоти ҷони садҳо инсон, заиф шудани сохторҳои давлатӣ, вайрон шудани экосистемаҳо ва аз даст рафтани ҳисси амният ва эътимоди ҷомеа ба оянда оварда мерасонад.

Бар асоси гузориш, имрӯз шабакаҳои ҷиноӣ ба мисли корпоратсияҳои муташаккил амал мекунанд ва технологияҳои муосир онҳоро бениҳоят пинҳоркор ва хатарнок месозанд.

Истифодаи криптовалютаҳо, ширкатҳои анонимӣ, платформаҳои онлайн ва дороиҳои виртуалӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки пулҳоро дар саросари ҷаҳон дар як лаҳза ҳаракат диҳанд. Дар миёни ҷиноятҳои трансмиллӣ, тиҷорати ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир, навъҳои нодири ҳайвонот ва растаниҳо, артефактҳои фарҳангӣ, доруҳои қалбакӣ, савдои одамон ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ, пулшӯӣ ва халал расондан ба адолат ҷой дорад.

Дар соли 2024 Маҷмаи генералии Созмони Милали Муттаҳид 15-уми ноябрро ба ҳайси Рӯзи байналмилалии пешигирӣ аз ҳама шакли ҷиноятҳои фаромиллӣ ва мубориза бо онҳо эълон кард. Ин сана барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳким додани ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти хос дорад.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки шабакаҳои ҷиноӣ дигар фақат маҳдуд ба сохтори мафиозии анъанавӣ нестанд. Ҳоло онҳо ба ҳайси шабакаҳои чандшохавӣ, ки дар як вақт дар чанд бахш фаъолият мекунанд, амал менамоянд. Ин вазъият ҳамкории давлатҳоро барои муқобила бо ҷинояткорон ҳатмию муҳим месозад.

Ба гуфтаи идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷиноятҳо тақрибан 22 фоизи ҳамаи қатлҳои қасдии ҷаҳон, беш аз 100 000 нафар дар як сол, ба ҷиноятҳои фаромиллӣ алоқманд мебошанд. Аммо зарар фақат ба ин маҳдуд намешавад. Доруҳои қалбакӣ саломатии миллионҳо нафарро таҳдид мекунад. Хушкшавии ҷангалҳо ва истихроҷи маъданҳо муҳити табииро вайрон мекунад. Ифлосшавии рӯдҳо амнияти ғизоиро таҳдид менамояд. Ҷиноятҳои киберӣ мардумро аз сармояҳои худ маҳрум мекунанд ва пулшӯӣ эътимод ба сохторҳои давлатӣ ва иқтисодиро заиф мекунад.

Ҳамасола ҷиноятҳои фаромиллӣ ба ҷинояткорон миллиардҳо доллар даромади ғайриқонунӣ медиҳад. Ин маблағҳо боиси тақвияти савдои одамон, тиҷорати маводи мухаддир, фасод ва низоъҳои мусаллаҳона мешаванд. Барои муқобила бо ин таҳдид, Созмони Милали Муттаҳид тавсия медиҳад, ки назорат бар ҷараёни молиявии ғайриқонунӣ, шикасти сохтори молиявии шабакаҳои ҷиноятӣ, таҳкими мубодилаи иттилоот ва ҳамкории байналмилалӣ, модернизатсияи қонунгузорӣ дар соҳаи назорати дороиҳои вертуалӣ, баланд бардоштани қобилияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таҳқиқот, баргардондани дороиҳои дуздида ба давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пурзӯр карда шавад.

Таҳқиқоти молиявӣ имкон медиҳад, ки роҳбарони шабакаҳои ҷиноятиро ошкор кунанд, иртиботи миёни ҷиноятҳои гуногунро фош намоянд ва онҳоро аз манфиатҳои молиявӣ маҳрум созанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.