Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои нигоҳдории обҳои фаромарзӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд
Дар як иқдоми муҳим барои идора намудани захираҳои обии минтақа Қазоқистон ва Ӯзбекистон рӯзи 15-уми ноябр созишномаи нави байниҳукуматӣ оид ба идоракунии умумии обҳои марзиро ба имзо расонданд.
Ин созишнома дар доираи мулоқоти давлатии президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар шаҳри Тошканд ва дар нишасти дуюми Шурои олии байнидавлатии ду кишвар ба тасвиб расид.
Тибқи изҳороти Вазорати захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон ин санад механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти ду кишварро дар идора намудани дарё, канал ва иншооти обии марзӣ муайян мекунад. Объектҳое, ки барои таъмин намудани оби ошомиданӣ ва фаъолияти бахшҳои калидии кишоварзӣ нақши ҳаётан муҳим доранд.
Мувофиқи санад, ду кишвар як низоми автоматии муштараки ҳисобу назорати обро дар қитъаҳои марзӣ роҳандозӣ мекунанд. Ин платформа имкон медиҳад, ки итилоот дар вақти воқеӣ мубодила шавад, назорат аз болои истеъмоли захираҳои об тақвият ёбад ва сатҳи эътимод дар миёни сохторҳои соҳавӣ тақвият дода шавад.
Созишнома, ҳамчунин , тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки ба кам шудани талафоти об, навсозии инфрасохтор, беҳ кардани заминҳои обёришаванда ва ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакрона нигаронда шудааст. Барномаҳои муштараки пешгирии хатарҳои табиӣ, аз ҷумла сел, хушксолӣ ва дигар падидаҳои вобаста ба иқлим низ пешбинӣ шудаанд.
Барои иҷрои ин уҳдадориҳо комиссияи нави байниҳукуматӣ таъсис дода мешавад, ки ҳар сол ду маротиба дар навбати худ дар ду кишвар ҷаласа мегузаронанд. Ин сохтор қарорҳои оперативӣ қабул мекунад. Гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳад ва кори объектҳои обии марзиро ҳамоҳанг менамояд.
Нурҷон Нургиҷитов, Вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Қазоқистон таъкид намуд, ки ин созишнома натиҷаи корҳое аст, ки ҳанӯз дар соли 2017 оғоз гардиданд. Бар асоси гуфтаи ӯ, санад ба уҳдадориҳои байналмилалӣ такя дорад, аз ҷумла созишномаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1992 дар хусуси идоракунии муштараки захираҳои об ва ду конвенсияи калидии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҳифзи обҳои фаромарзӣ.
Тибқи гуфтаи Нурҷон Нурҷигитов, ин созишнома “эътимодро миёни кишварҳо тақвият дода, амнияти обии минтақаҳои марзиро баланд мебардорад ва рушди кишоварзиро дастгирӣ мекунад”.
Созишнома дар шароите ба имзо мерасад, ки тағйирёбии иқлим, афзоиши талаботи аҳолӣ ба захираҳои об ва ҳаҷми рӯзафзуни обёрии кишоварзӣ масъалаи ҳассоси тақсими обро дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ боз ҳам печидатар мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”