Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мирзиёев: “Пойдорӣ ва суботи минтақаӣ бидуни расидагӣ ба масъалаи вобаста ба Афғонистон имконпазир нест”
Мирзиёев: “Пойдорӣ ва суботи минтақаӣ бидуни расидагӣ ба масъалаи вобаста ба Афғонистон имконпазир нест”
Президенти Ӯзбекистон дар нишасти дурӯзаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд ба ҳамроҳ намудани Афғонистон дар лоиҳаҳои “зерсохтӣ ва энергетикӣ” -и минтақавӣ таъкид намудааст.
Ба гузориши расонаҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин нишаст ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки зерсохторӣ, аз ҷумла роҳи оҳани Чин, Қирғизистон, Ӯзбекистон, каридори Транс-афғон ва густариши масирҳои ҳамлу нақли Транс -каспӣ таъкид кардааст.
Афғонистон аз мавзуъҳои меҳварӣ буд, аммо намояндае надошт
Пеш аз ин нишаст Шавкат Мирзиёев бо навиштани мақолае бо унвони “Осиёи Миёна дар остонаи як асри ҷадид”, ки дар сафҳаи президенти Ӯзбекистон нашр шуд, гуфта буд, ки “пойдорӣ ва суботи минтақаӣ бидуни расидагӣ ба масъалаи вобаста ба Афғонистон имконпазир нест”.
Ӯ афзуда буд: “Ин кишвар (Афғонистон) дар минтақаи ҳошиявӣ нест, балки бахши табиӣ аз минтақаи муштараки мо аст. Пойдории сулҳ ва субот дар саросари Осиёи Марказӣ то ҳадди зиёде ба бозсозӣ ва рушди Афғонистон вобаста мебошад”.
Расонаҳо гузориш додаанд, агарчи Афғонистон мавзуи аслии баҳсҳои амниятӣ ва иқтисодӣ дар ин нишаст буд, аммо ҳич намояндае аз ҳукумати террористии Толибон ба далели ин ки давлати онҳо ба сатҳи байналмилалӣ ба расмият шинохта намешавад, ба унвони узв ё меҳмони расмӣ дар ин нишаст ҳузур надошт.
Дар ҳафтумин нишасти машваратӣ кишварҳои Осиёи Миёна, ки 15 ва 16-уми ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор шуд, ба илова бар Шавкат Мирзиёев, Қосим-Жомарт Токаев, Призиденти Қазоқистон, Содир Жаппоров, Президенти Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон ҳузур доштанд.
Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон низ дар ин дидор ба ҳайси меҳмони хос ширкат карда буд. Далели ширкати ӯ суҳбат рӯи даҳлези ҳамлу нақли Транс-каспӣ гузориш шуда буд, ки Озарбойҷон дар он нақши меҳварӣ дорад ва барои густариши тиҷорат ва ҳамлу нақли байни кишварҳои Осиёи Миёна, ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз тариқи дарёи Каспӣ зарурӣ хонда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”