27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
17.11.2025 07:36

Аввалин варзишгари Русия, ки дар ду вазн чемпион шуд

16-уми ноябр дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусобиқаи UFC 322 доир гашт, ки муҳорибаи асосии он барои камарбанди чемпионӣ дар вазни ниммиёна миёни чемпион Ҷек Делла Маддалена ва довталаб Ислом Махачав буд.

Муҳорибаи Ҷек Делла Маддалена ва Ислом Махачав панҷ раунд давом ёфта, бо қарори якдилонаи доварон размкори доғистонӣ Ислом Махачав ғолиб омада, чемпиони вазни ниммиёна гардид.

Дар 25 дақиқаи муҳориба Ислом Махачев наздики 19 дақиқа Ҷек Делла Маддаленаро дар замин идора кард, ки дар таърихи мусобиқаҳои UFC камсобиқа аст.

Барои Ҷек Делла Маддалена, ки дар 18 муҳорибаи охири худ мағлуб нашуда буд, аввалин бохт аз соли 2016 инҷониб маҳсуб меёбад. Ислом Махачев бошад, бо ба даст овардани ин ғалаба аввалин варзишгари рус шуд, ки дар ду вазн чемпион гардид. Ӯ тӯли се сол чемпиони вазни сабук буд ва камарбандашро чор маротиба ҳимоя кард.

"Ин орзуи ман буд. Ҳама заҳматҳоям барои имрӯз буд, ки чемпиони ду вазн гардам", - гуфт пас аз муҳориба.

Инчунин, Ислом Махачев дар ташкилоти UFC шумораи ғалабаҳои пайдарпайяшро ба 16 расонд, ки то ин вақт танҳо як варзишгар Андерсон Силва ба ин омор расидааст.

Ҳамин тавр, Ислом Махачев 3 миллиону 330 ҳазор доллар ва Ҷек Делла Маддалена 1 миллиону 900 ҳазор доллар ба даст оварданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.